Sprache auswählen

Сиёсати маҷалла

Маҷаллаи «Номаи донишгоҳ : силсилаи илмҳои гуманитарӣ» аз 10-уми октябри соли 1948 ба нашр расида, аз соли 2001 илмщои ҷомеашиносӣ ба ин силсила илова шудааст. То соли 2015 дар маҷалла мақолаҳо бо рубрикаҳои «Филология», «Таърих», «Педагогика», «Ҳуқуқшиносӣ», «Сиёсатшиносӣ ва сотсиология», «Фарҳангшиносӣ», «Философия», «Психология» «Тақриз ва китобиёт» нашр мешаванд. Аз моҳи январи соли 2015 тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми ФР №793 аз 25-уми июли соли 2014 силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии «Номаи донишгоҳ» дар доираи се соҳа – «Илмҳои таърих ва бостоншиносӣ», «Илмҳои филология», «Илмҳои педагогика» мақола чоп кардааст. Аз рӯйи талаботи қарори Раёсати олии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2025, № 10 аз «Номаи донишгоҳ» силсилаи илмҳои гуманитарӣ ҷудо гардида ва дар назар аст, ки мақолаҳо дар соҳаҳои таърих ва бостоншиносӣ, филология, фалсафа ба нашр расанд.

Самтҳои муҳимми фаъолияти нашрияи «Номаи донишгоҳ : силсилаи илмҳои гуманитарӣ» ба нашри мақолаҳои нави пажуҳишӣ дар заминаи илмҳои таъриху бостоншиносӣ, филология ва фалсафа ихтисос ёфтааст. Ҳайъати таҳрир ва Шурои мушовараи маҷалла ба иҷрои вазифаҳои муҳимми зерин масъуланд: нигаҳдошти сатҳи баланди илмии маводи мавриди нашр, ки дар онҳо масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвар ва олами муосир инъикос ёбанд ва фарогири ғояҳои эҷодие бошанд, ки ба рушди илму маърифат мусоидат доранд. Дар маҷалла мақоми рӯзафзуни илмҳои гуманитарӣ дар пешрафти ҷаҳони муосир дар таҳқиқи мутахассисони баландихтисос нишон дода мешавад.

Ҳайъати таҳрири маҷалла мақолаҳоеро ба чоп ҳозир менамоянд, ки ба ҳалли масъалаҳои умдаву амалии илмҳои гуманитарӣ нигаронида шудаанд. Дар онҳо истифодаи усулҳои муосири илмӣ, аз ҷумлаи шароити ҳатмии чопи мақолаҳо ба назар гирифта мешаванд, ки дар раванди таълим, эҷоди илмӣ, фарорафти дигаргуниҳои Тоҷикистони муосир ва вусъати донишҳои гуманитарӣ мавқеи фавқулода муҳим мебозад.

Барои насли наврас донистани асли худ, таърих, забон, адабиёт ва фалсафа аҳаммияти бузург дорад. Аз ин рӯ, дар маҷалла натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва мақолаҳои обзорӣ аз рӯйи масъалаҳои муҳимтарини таъриху бостоншиносӣ, таърихи ватан, таърихи умумӣ, таърихи ҷаҳон, этнография, манбаъшиносӣ, таърихнигорӣ, таърихи илму техника ба нашр мерасанд, ҳамчунин нашри аснод ва ҳуҷҷатҳои бойгонии қаблан ба муомилоти илмӣ ворид нагардида ба ҳадаф мувофиқ аст. Дар мақолаҳои соҳаи филология масъалаҳои гуногуни адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ – адабиёт, забон, фолклори тоҷик ва миллатҳои дигар, назарияи адабиёт, нақди адабӣ, матншиносӣ, равобити адабӣ, забони давлатӣ, забонҳои кишварҳои хориҷӣ, назарияи забон, забоншиносии таърихиву татбиқӣ, амалӣ, журналистика, назария ва методикаи таълиму забон ва адабиёти тоҷик ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар соҳаи фалсафа маводе пазируфта мешаванд, ки фарогири масъалаҳои умдаи фалсафа, аз ҷумла асосҳои фалсафа ва таърихи фалсафа бошанд. Дар баробари ин, мақолаҳо дар усули тадқиқи соҳаҳои таъриху бостоншиносӣ, филология ва фалсафа ба нашр мерасанд.

«Номаи донишгоҳ : силсилаи илмҳои гуманитарӣ» ба феҳрасти маҷаллаҳо ва нашрияҳои илмии пешбари тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА-и назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия, ки натиҷаҳои асосии рисолаҳо барои дарёфти унвонҳои номзад ва докторони илмҳо дар онҳо бояд нашр гарданд, дохил шудааст.