САҲИФАИ САРМУҲАРРИРИ МАҶАЛЛА
Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин
номзади илмҳои таърих, дотсент, ректори МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
Ҷои кор: МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
E-mail:
Тел: (83422) 6-52-73
Дар бораи сармуҳарир: https://www.hgu.tj/personlist/viewperson/1260.html
Ҳамкасбони азиз!
Ба таваҷҷуҳи шумо маҷаллаи пажуҳишии «Номаи донишгоҳ : силсилаи илмҳои гуманитарӣ»-и МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» пешниҳод мегардад. Маҷалла нашрияи илмиву амалӣ буда, барои муҳаққиқон, докторантҳо, аспирантҳо, довталабони унвонҳои илмӣ, магистрантҳо, устодони донишгоҳҳо ва ҳама хонандагони ба маводи он таваҷҷуҳдошта пешбинӣ шудааст. Ҷуғрофияи муаллифони маҷалла танҳо маҳдуд ба Тоҷикистон набуда, дар он мақолаҳои муҳаққиқони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина, инчунин хориҷи наздику дур, Олмон, Италия, Чин ва ғайра пешкаш мегардад. Маҷалла ба олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар мубодилаи донишу таҷриба дар истифодаи дастовардҳои илм дар соҳаи гумантирӣ ёрӣ мерасонад.
Нашрияи илмии «Номаи донишгоҳ» дар шабакаи Интернет www.uchzap.tj нусхаи пурраи онлайн дорад, ҳамаи мақолаҳои маҷалла пурра дар китобхонаи электронии илми (РИНС) – https://elibrary.ru ва дар вебсайти Cyberleninka / ҷойгир гардидаанд. Маҷалла ҳамчун нашрияи даврии чопӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст (Шаҳодатномаи бақайдгирии № 474/МҶ-97 аз 5-уми марти соли 2026).
Маҷалла манфиатҳои пажуҳишгарони улуми инсонӣ ва ҷомеашиносиро бо мақсади вусъат додани фазои иттилоотӣ барои ҳамкорӣ ва мубодилаи илмӣ муттаҳид мекунад.
Маҷалла барои иҷрои ҳадафҳо ва вазифаҳои зерин пешбинӣ шудааст:
– ба муҳаққиқони ҷавон ва тамоми олимони соҳаи илмҳои гуманитарӣ имкон фароҳам меорад, то натиҷаҳои тадқиқоти илмиашонро нашр намоянд;
– натиҷаҳои тадқиқот ва фаъолияти илмию амалии олимони тоҷик, рус ва хориҷиро дар соҳаҳои илмҳои таъриху бостоншиносӣ, филология ва фалсафа нашр мекунад;
– ба рушди робитаҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои таъриху бостоншиносӣ, филология ва фалсафа мусоидат намояд;
– мусоидат ба ташаккули баҳсҳои ошкорои илмӣ, мусоидат ба баланд бардоштани сифати тадқиқоти рисолаҳо;
– диққати намояндагони илмҳои гуманитариро ба проблемахои афзалиятнок ва самтҳои ояндадори рушди илмҳои таъриху бостоншиносӣ, филология ва фалсафа ҷалб намояд;
– мусоидат ба пешбурди дастовардҳои асосии фаъолияти илмии олимони Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои илмӣ ва муҳокимаҳо дар миқёси байналмилалӣ;
– мусоидат ба рушди фазои ягонаи иттилоотии иртибототи илмӣ дар соҳаҳои таъриху бостоншиносӣ, филология ва фалсафа;
«Номаи донишгоҳ» асосан мақолаҳои илмии дорои характери илмию методӣ оид ба масъалаҳои мубрами таъриху бостоншиносӣ, таърихнигорӣ, сарчашмашиносӣ, таърихи илм, филология – адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ, адабиёти тоҷик, рус ва дигар халқҳои кишварҳои хориҷӣ, журналистика, назария ва методикаи таълиму забон ва адабиёти тоҷик, фалсафа ва асосҳои он, таърихи фалсафа, усулҳои тадқиқи филологӣ, таърих ва фалсафа, ҳамзамон тақризу хулосаҳо дар бораи китобҳои нави соҳаҳои таъриху бостоншиносӣ, филология ва фалсафа ба табъ мерасонад.
Ҳайати таҳририя бо мақсади баланд бардоштани сифати нашри мақолаву тақризҳо аз рӯйи талабот ва меъёрҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Русия барои маҷаллаҳои илмӣ дар боби ворид кардани маводи чопшуда ба махзани иттилоотии русӣ ва байналмиллалии библиографӣ кор мебарад.