Ҳайъати таҳририяи маҷалла мақолаву тақриз ва хулоса(обзор)-ҳои илмии қаблан дар нашрияҳои чопию электронӣ ба нашр нарасидаро барои баррасию нашр қабул менамояд, ки ғояҳои илмӣ, натиҷаву дастовардҳои тадқиқи бунёдии назариявию амалиро дар соҳаҳои улуми таъриху бостоншиносӣ, филология ва фалсафаро фаро мегиранд;
– қарор дар бораи чоп ё радди чоп дар асоси мубрамӣ, навоварӣ ва аҳаммияти илмии маводи пешниҳодӣ қабул мешавад;
– муаллиф (ҳаммуаллиф)-он масъулияти дурустии ансоди илмии маводи пешниҳодӣ ва ҳамаи додаҳоеро, ки мақола, хулоса ва тақризҳо фаро мегиранд, ба дӯш доранд;
– кулли маводи ба идораи маҷалла расида ҳатман дар торномаи http://antiplagiat.ru мавриди санҷиш қарор мегиранд, сипас ҳайати таҳририя муаллиф(ҳаммуаллиф)-онро дар бораи натиҷаи арзёбии дастнавис ва бо тақризи пазируфтани мавод ё радди пешниҳоди он огоҳ менамояд;
– мақола, хулоса ва тақризҳои ба идора расида дар сурати ҳисоботи мусбати барномаи зиддисирқаи сомонаи http://antiplagiat.ru бо мақсади арзёбии минбаъдаи онҳо аз ҷониби мутахассисони пешбари соҳаҳои марбути илм бо тақризи дохилӣ фиристода мешаванд;
– мақолаҳои ба тақризи дохилӣ пешкашшуда бояд пурра тибқи талаботе, ки дар сомонаи маҷалла зикр гардидаанд, таҳия мешаванд;
– агар дар тақриз оид ба ислоҳу такмили мақола тавсияҳо пешниҳод шуда бошанд, ба муаллиф эроду мулоҳизаҳои муқарриз (бе сабти ному насаби ў) барои такмилу ислоҳи мавод ирсол мешавад;
– муаллиф маводи такмилдодаро ба идораи маҷалла мефиристад ва идора онро якҷоя бо ҷавоби муаллиф тибқи ҳар моддаи эрод ба тақризи такрорӣ мефиристад.
– ҳайати таҳрир ба таҳрири мақола бе тағйир додани муҳтавои илмии он ҳақ дорад. Хатоҳои имлоиву услубиро мусаҳҳеҳ бе мувофиқат бо муаллиф (ҳаммуаллифон) ислоҳ мекунад. Дар мавридҳои зарурӣ ислоҳҳо бо муаллиф (ҳаммуаллифон) мувофиқ карда мешавад;
– варианти барои такмил ба муаллиф (ҳаммуаллиф) фиристодашуда бояд дар муҳлати муайян, баъди ворид сохтани ислоҳу тағйир дар намудҳои электронӣ ва чопӣ ба идора баргардонда мешавад;
– мақолаҳое, ки ба чоп қабул нашудаанд, ба муаллиф (ҳаммуаллиф) баргардонда намешаванд. Дар мавриди радди чопи мавод идораи маҷалла ба муаллиф (ҳаммуаллиф) раддияи мудаллал ирсол мекунад; – тибқи дархости шуроҳои коршиносии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА-и ВМИ ФР идораи маҷалла ба онҳо тақризҳоро пешниҳод менамояд.