Sprache auswählen

Тартиби қабул ва тақризи мақола

Тартиби қабул ва тақризи мақола

 

Маҷалла асарҳои илмии чопнашударо аз рӯи пешниҳоди муассисаи илмӣ ва ё мактаби олӣ ва бо тақризи мутахассиси соҳаи марбути илм оид ба соҳаи илмҳои зерин қабул мекунад:

6.1. – илмҳои таърих ва бостоншиносӣ; 6.2. – илмҳои филологӣ; 6.3. – илмҳои фалсафа.

Мақолаи аспирантон, унвонҷӯён ва устодони бе унвони илмӣ бо пешниҳоди роҳбари илмӣ ва тақризи мутахассиси соҳа қабул карда мешавад.

Идораи мақалла мақоларо ба узви ҳайати таҳрир, ки намояндаи ҳамон соҳаи илм аст ё ба мутахассиси беруна барои тақриз мефиристад.

Ҳайати таҳрир дар асоси тақризҳо дар бораи қабул шудан ё нашудани мақола қарор қабул мекунад.

Дар сурати қабул нашудани мақола ҳайати таҳрир ба муаллиф қарори асоснок ирсол мекунад.

Муаллиф ҳақ дорад бо тақризи манфии ба мақолааш додашуда шинос гардад.

Масъулияти дурустии аснод ва муҳтавои маводи пешниҳодӣ ба муаллифон аст.

Матни маводи пешниҳодшаванда бояд ҷавобгӯи қоидаҳои имлои забон ва дур аз ҳар гуна ғалатҳои имлоиву маъноӣ бошад.

Мақолаҳо барои чоп ҳатман аз санҷиши барномаи зидди сирқот – «Антиплагиат» гузаранд. Дар ҳолати аз 75% камтар муайян шудани маҳсули эҷоди муаллиф мақола ба ислоҳ ва коркарди дубора ба муаллиф бозгардон мешавад.

Дар сурати риоя нагардидани талаботи болоӣ идораи маҷалла ҳақ дорад, ки маводи манзуршударо барои тақриз ва баррасии ҳайати таҳрир нафиристода, ба бойгонӣ супорад.